(3 овоз, миёна 4.33 аз 5)

Оғози фаъолияти мағозаи «Ҷома» дар шаҳри Хуҷанд.Имрӯз дар маркази вилоят, - шаҳри Хуҷанд боз як маркази савдо ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар маросими ботантанаи ба истифода додани он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд, ки ҳамзамон вазифаи раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷандро ба зимма дорад, дар оғоз кулли ҳозирон, дӯсторони варзиш ва  варзишгарон- футболбозони дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-ро ки дар чорабинӣ хузур доштанд бо Рӯзи парчами миллӣ табрик намуда, кушодашавии боз як маркази савдои замонавии фурӯши либосу ашёҳои варзиширо иқдоми нек арзёбӣ намуд. Маркази савдои «Ҷома» мағозаи фурӯши либосу ашёи варзишӣ буда дарон асосан маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкати ҳамноми ин марказ бафурӯш гузошта мешавад. Харидорон ва дӯстдорони варзиш минбаъд имкон доранд, либосҳои варзишӣ, пойафзол ҷиҳози варзишии бо сифатро аз ин маркази савдо харидорӣ намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз тарҳу намуди марказ ва шароити мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, супориш дод, ки дар дигар мавзеҳои шаҳр низ таъсиси чунин марказҳои савдои замонавӣ мувофиқи мақсад аст.
Мавриди ба истифода додани ин маркази савдои варзишӣ 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши миёнаи якунимҳазор сомонӣ таъмин гаштанд.
Ба кормандон бароифаъолияти пурсамарашон шароити хуби корӣ ва хӯроки ҳамарӯзаи бепул ташкил карда шудааст.