(3 овоз, миёна 4.33 аз 5)

“Дарёи муҳаббат” оилаи беҳтарини Хуҷандро муайян намуд.Бахшида ба “Соли оила”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ эълон гашта буд, дар шаҳри Хуҷанд тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд озмун-маҳфили “Дарёи муҳаббат” барои тарғиби арзишҳои оила ва оиладорӣ шурӯъ аз моҳи апрел оғоз гардида буд.
Марҳилаи аввали озмуни номбурда байни кӯчаҳои маҳалла ва маҳаллаҳои шаҳр давоми сол доир гашта, имрӯз 6 оилаи беҳтарин,- ғолибони давраи аввал ҷамъ омада маҳфили шаҳрии “Дарёи муҳаббат”-ро баргузор намуданд.
Дар оғози маҳфил Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиронро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, барои иштирокдорони ин озмун, оилаҳои  беҳтарини шаҳр комёбӣ орзу намуд. “Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дарёфти беҳтарин оилаҳо, тарғибу ташвиқи оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бо назардошти эълон гардидани «Соли 2015-соли Оила» дар қаламрави шаҳр байни оилаҳо Озмуни «Дарёи муҳаббат» ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмун 17 оилаҳои намунавии маҳаллаҳои Хуҷандшаҳр фаъолона иштирок намуданд.Имрӯз бошад дар ин маҳфил беҳтарини беҳтаринҳо иштирок доранд. Итминони комил дорам, ки маҳфили барои ташвиқи анъанаҳои неки оиладории мардуми кӯханбунёди мусоидат хоҳад кард”- қайд намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзозода Нодирахон бобати аҳамияти ин чорабиниҳо сухан гуфта, изҳори умедворӣ намуд,ки баргузории чунин маҳфили оилавӣ барои таҳкиму тарғиби оилаи солим мусоидат менамояд.
Қабл аз баргузории озмун ба 13 нафар ҷавондухтарони фаъоли маркази вилоят дар лаҳзаи тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов шаҳодатномаи аъзогии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар марҳилаи ниҳоии озмун оилаҳо аз рӯи  шартҳои низомнома аз қабили пешниҳоди албоми авлодӣ ба таври слайд, ё видеофилм аз беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти оила, насиҳати падару модар ба фарзанд ва баръакс, изҳори муҳаббати фарзанд нисбати волидон, намоиши саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуъҳои гуногуни оила ва намоиши ҳунари эљодӣ ва дарёфти ҳалли муаммоҳои оилавие, ки аз тарафи ҳакамон пешниҳод гардид донишу маҳорати худро намоиш доданд.
Ҳайати ҳакамон иборат аз 7 нафар буданд, ки роҳбарии онро собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова ба зимма дошт.
Баъди иҷрои тамоми шартҳои озмун  бо хулосаи якҷояи ҳакамон ҷойи сеюм ба оилаҳои  Қосимовҳо ва Норматовҳо бо мукофотпулии 500 сомонӣ барои ҳар як оила, ҷойи дуюм ба оилаҳои Каримбоев ва Негматҷоновҳо бо мукфотпулии ҳазор сомонӣ ҷойи якум бошад ба оилаи Холматовҳо бо мукфотпулии ду ҳазор сомонӣ муносиб дониста шуд.
Унвони “Оилаи беҳтарини шаҳри Хуҷанд” ва “Шоҳҷоиза” ба оилаи Қодировҳо аз маҳаллаи “Сари баландӣ” лоиқ дониста шуд.
Ба оилаи Қодировҳо се ҳазор сомонӣ, мукофотхои арзишманд ва Дипломи озмуни “Дарёи муҳаббат” супорида шуд.