(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчам.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ноябри соли 2015 дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти мусобиқаҳои шаҳри Хуҷанд оид ба волейбол ва баскетбол, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли 2015 байни писарон ва духтарони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо баргузор гардида буданд ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаҳои номбурда 70 даста ва зиёда аз 700 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии маркази вилоят иштирок намуданд.
Ин мусобиқа бо чунин натиҷаҳо ҷамбаст гардиданд. Дар мусобиқаи баскетбол байни дастаҳои духтарон ҷои якумро дастаи МТМУ № 20, дар ҷои дуюм МТМУ № 9 ва ҷойи сеюмро бошад МТМУ № 3 соҳиб гардид.
Мусобиқаи баскетбол байни дастаҳои писарона низ ҷойи ифтихорӣ  насиби дастаи МТМУ № 20 гардид.
Мактаби хонандагони лаёқатманд соҳиби ҷойи дуюм гашта, ҷои сеюм насиби МТМУ № 22 гашт. Бозии валейбол низ басо шавқовар гузашта мухлисону ҳаводорони ин бозӣ низ аз баргузории ин мусобиқа қаноатманд гаштанд.
Сабқати валейболбозон байни дастаҳои духтарона ғолибиятро ҷавондухтарони Мактаби «Гулчини маърифат» ба даст оварданд. Толибаҳои МТМУ № 8 ва МТМУ № 20 ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор гаштанд. Дар ин намуди варзиш бошад дастаи писарони МТМУ № 20 натиҷаи аз ҳама беҳтарро нишон доданд.
Чои дуюм насиби Гимназия «Ганҷ» ва ҷойи сеюм насиби Гимназияи № 13 шуд.
Ғолибон бо Ҷом, медал ва диплом сарфароз гардонида шуданд.