(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кӯдакистони №29 боз 90 нафар тифлонро қабул менамояд.Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири беҳтар намудани шароити муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити ҳамаҷонибаи онҳо дар шаҳри Хуҷанд чораю тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Давоми соли равон ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистони № 13, оғози сохтмони бинои нави чунин муассисаи таълимии томактабӣ дар маҳаллаи «1-май», таъмири якчанд кӯдакистонҳо аз ҷумлаи ин корҳои назаррас аст.
Аз соли 1997 инҷониб бинобар ҳолати садамавӣ доштани  се бинои кӯдакистони № 29 шаҳри Хуҷанд ин муассиса барои фаъолияти пурра имконият надошт. Бо назардошти ин Ширкати сохтмонии «Авицена» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қисми дар ҳолати садамавӣ қарор доштаи бинои  кӯдакистони номбурда ба маблағи умумии 320 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллии босифат бароварда шуд.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ширхоргоҳ-парваришгоҳи № 29 маркази вилоят омада дар маросими ботантанаи ба истифода додани бинои таъмиргашта ширкат намуд.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз кӯдакистон 200 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифта, баробари таъмир  гаштани қисми бинои кӯдакистон, имкони боз 90 кӯдакро қабул намудан пайдо гардид.
Ҳамзамон биноҳои таъмиргашта бо ашёҳои таълиму фароғат ва кати хоби нав таъмин гашта, барои машғулияту фароғати тифлон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз сифати корҳои барқарор намудани бино ва таъмир,ки аз ҷониби Ширкати сохтмонии «Авицена» анҷом дода шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, супориш дод, ки ширкат соли оянда барои бунёди биноҳои иловагӣ, азнавсозии иншооти фароғатии кӯдакона,-ҳавзи шиноварии кӯдакона ва майдончаи бозӣ лоиҳа омода намуда барои маблағгузорӣ пешниҳод намояд.
Лозим ба ёдоварист,ки барои бештар фаро гирифтани кӯдакон  ба таълиму тарбияи муассисаҳои томактабӣ, танҳо соли равон барои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии онҳо зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ масраф гардид.
Ин тадбир имкон дод, ки танҳо соли 2015 ба муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд 1150 нафар кӯдакон иловатан қабул карда шаванд.