(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Муаррифии китоби “Садои дил”.

Бо ташаббуси Хонаи маданияти № 2, мактаби санъати № 1 ба номи Лоиқ Шералӣ дар мактаби санъати номбурда муаррифии китоби таълимии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  доиранавози номдор Саттор Фозилов баргузор гашт.
Чорабиниро мудири Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, салому паёми самимии Раисии шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли толор ва санъату ҳунар расонд.
Директори мактаби санъати № 1 ба номи Л Шералӣ Давронҷон Ҳомидов доири хаёту фаъолияти ин устоди ҳунар ва аҳамияти китоби таҳиянамудаи ҳунарманд  “Садои дил” сухан гуфт. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дорандаи Дипломи беҳтарин ҳунарманди сол “Сонеъ-200” ширкати телевизиони “Мир” Саттор Фозилов зодаи шаҳри Хуҷанд буда устоди чандин шогирдон-доирадастони маъруфи кишвар дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст.
Фаъолияти номбурда дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар ансамбли рақсии “Лола” таҳти роҳбарии Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валамадзода аз соли 1972 оғоз гардидааст.
Аз соли 1981 бошад чун доирадасти Ансамбли мақомсароёни назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ба номи Ф Шаҳобов фаъолият бурда асрори мусиқии классикиро ботинан аз бар намуда донишу малакаҳои хешро нисбати он мукаммал ва сайқал медиҳад.
Сипас соли 1990 ба ансамбли овозадори рақсии “Зебо” бевосита бо таклифи роҳбари он Ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ – Зебо Аминзода ба кор мегузарад. Зиёда 45 сол аст, ки ҳунарманд дар рӯи саҳна бо санъати баланди хеш ҳазорҳо мухлисонро ба ваҷд овардааст.
Дар тӯли эҷод ва фаъолияташ як силсила шогирдони арзанда низ ба воя расонидааст, ки аксарияти онҳо аллакай ба дараҷаи касбӣ шомил шудаанд. Айни замон устод Саттор Фозилов фаъолияти худро дар консерватория ба ҳайси омӯзгори калон идома дода, тарбияи даҳҳо шогирдонро ба ӯҳда дорад. Доирадастони номӣ Фахриддин Қурбонов Орифҷон Мирҷамолов бобати аҳамияти ин китоби дарсӣ  ҳарф заданд.
Абдусаттор Фозилов дар интиҳои чорабинӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷӯҳи хоса изҳори сипосмандӣ намуд.