(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди кории Раиси шаҳр аз корхонаҳои навбатии саноатии шаҳр.Мусаллам аст, ки фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо барои таъмини саривақтии буҷаи маҳаллӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум омили муҳим маҳсуб меёбад.
Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз ҳолати имрӯза ва фаъолияти коргоҳи «САТН» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба когоҳи номбурда омад.
Боиси зикр аст, ки махсулоти ин коргоҳ пурра аз пахта буда, фаъолияти коргоҳ шурӯъ аз коркарди пахта, омода намудани ришта  то маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуда аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо роҳбарияти коргоҳи мазкур зикр намуд, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатӣ бояд ашёи хомро дар дохили кишвар коркард намуда, барои таъмини талаботи истеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолият баранд. Айни замон дар ЧДММ «САТН» 540 нафар кормандону мутахассисон дар се баст фаъолят намуда, музди маоши миёнаи онхо 1300 сомониро ташкил медихад. Ҳаҷми истеҳсолии маҳсулоти тайёр дар корхонаи номбурда дар як руз 4,5 хазор дона либосро ташкил медиҳад. Ҳоло 95 фоиз махсулотхои тайёр ба кишвархои Аврупо содир мегардад. Боиси зикр аст, ки корхонаи мазкур ба талаботи харидорон ва бозори имрӯза мувофиқ гашта аз оғози фаъолияти худ,- аз соли 2004 фаъолияти бо маром дорад.
Раиси шахри Хучанд Рачаббой Ахмадзода ба масъулин супориш дод, ки  барои фурӯши махсулоти тайёр дар назди бинои корхона ва маркази шаҳр мағозаи махсус бунёд карда шуда, молу махсулоти ЧДММ «САТН» ба фуруш гузошта шавад. Барои пешниҳоди лоиҳаи мағозаи коргох Раҷаббой Аҳмадзодв дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар сурати амалӣ гаштани ин пешниҳод маҳсулоти коргоҳ аз қабили шим, курта, кастюми занона, мардона ва кудакона ба харидорон бо нархҳои аз 30 то 60 сомонӣ пешкаш карда мешавад.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази таълимии истеҳсолии «ВЕТ-Точ» рафта, аз фаъолияти он ошно гардид.
Дар марказ ҳунармандон ба бофтани матои адрас ва адрас аз нахи пахтагӣ ва абрешимӣ машғул буда, нусхаҳои қадимаи ин матоҳоро барқарор менамоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба косибон дастур дод, ки барои бештар намудани теъдоди шогирдон аз хисоби занҳои хонашини маҳаллӣ чораҳо андешанд. Маблағгузории таълимоти муҳассилинро бошад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба зимма мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд нисбати фаъолияти имрӯзаи корхонаи «ВТ-Силк» изҳори нигаронӣ намуд. Коргоҳи номбурда баъди ба охирррасии ашёи хоми худ,-пилла фаъолияти худро маҳдуд намудааст. То мавсими нави вориди ин намуди ашёи хом моҳи майи соли оянда ҳаҷми истеҳсолӣ паст хоҳад буд. Раиси шаҳр ба бахши сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки бобати дар корхонаи мазкур зиёд намудани ҳаҷми коркарди ашёи хоми ватанӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дар баробари ин таъкид гардид, ки фаъолияту ҳамкории  манфиатовари корхонаи «ВТ-Силк» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Хуҷандатлас»-ро баррасӣ намуда, лоиҳаи фаъолияти муштарак ва эҳёи комили корхонаҳои мазкурро мавриди таҳлил ва бозомӯзӣ қарор диҳанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳр дар мавриди таъмини бемаҳдудияти корхонаҳои истеҳсолии маркази вилоят бо қувваи барқ таъкид гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.