(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷандро беш аз 100 ҳазор гулҳои зимистона оро хоҳанд дод.Дар шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муассисаи кабудизоркунӣ ба нарму побел намудани майдонҳои кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва шинондани  гулҳои ба сармо тобовар идома дода истодаанд. Ҳамчунин кормандони ин муассиса барои сари вақт таъмин намудани гулу буттаҳои орошӣ дар фасли баҳори соли оянда ба чидану захира намудани тухмии гулҳои ороишӣ шурӯъ намуданд. Ҳамчунин бо тавсияи мутахассисони соҳаи гулпарварӣ кормандон ҷамъоварӣ намудани решапояи гулҳои орошии баҳоронаи навъи «Кана»-ро дар хандақ низ оғоз намуданд. Ин тадбир ба масъулини кабудизоркунӣ ва гулкории шаҳр имкон медиҳад, ки бе хароҷоти иловагӣ шаҳри бостонии Хуҷандро дар соли оянда низ бо гулҳои ороишии гуногун таъмин намоянд. Қисми дигари кормандони сабзкорӣ бошад ба шинондани гулҳои орошии зимистонаи навҳои «Гулкарам» «Хрезантема» «Нагатки» ва ғайра идома  дода, ният доранд давоми моҳи равон шаҳрро бо бештар 100 ҳазор гулҳои ба сармо тобовар оро диҳанд.
Ҳоло дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи ба номи Султон Умарӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил «Гулкарам шинонида шудааст.