(4 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Сарқонун таҷлил гардид.Бахшида ба Рӯзи Конститутсия-Сарқонуни кишвар имрӯз дар Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандии маркази вилоят маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идона, ки дар роҳбарони корхонаю ташкилот муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ширкатҳо, собиқадорони меҳнат ва фаъолони шаҳри Хуҷанд доир гардид, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуданд.
Дар оғ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо суханони табрикӣ баромад намуда, ҳозиронробо ин санаи фархундаи кишвар табрик намуд. «Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсияи тақдирсоз, мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонданд. Ба шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Бо шарофати истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.”- зикр намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Баъдан муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Барои иштирокдорони ин ҳамоиши идона барномаи адабӣ-мусиқӣ пешкаш карда шуд.