(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Хуҷанд бино барои кормандони мақомоти давлатӣ сохта мешавад.Ҳамзамон имруз бо иштироки Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Манзили истиқоматӣ 9 ошёна буда, аз 5 қисм ва 140 ҳуҷраи як, ду ва сеошёна иборат хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи кулли шаҳр дар ин мавзеъ бунёди 5 чунин бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Хонаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқ пешбини шуда, барои сохтмони он 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети равона мегардад. Дар хонаи нави истиқоматӣ 160 оила метавонанд соҳиби ҷои зист шаванд. Абдураҳмон Қодирӣ бунёди бинои баландошёнаро нишони амалисозии сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат маънидод намуд ва афзуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат, баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорон мақомоти иҷроия низ бунёди хонаҳои баландошёнаро барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа ба роҳ хоҳад монд.
Раиси вилоят ба меъморону сохтмончиён ва масъулини шаҳрдорӣ тавсия дод, ки дар сохтмони бино ҳамчунин ташкили марказҳои хизматрасонӣ, қароргоҳи нақлиёт ва кӯдакистонро ба эътибор гиранд. Намуди зоҳирии бино бояд тарҳи миллии тоҷикона дошта бошад ва маданияти шаҳрдории ниёгони моро ифода намояд. Пешниҳод карда шуд, ки дар таъмини эҳтиёҷмандон бо манзил, асосан мутахассисони ҷавони хизмати давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба инобат гирифта шаванд.