(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҷмаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо муҷассамаи Темурмалик бунёд хоҳад шуд.Дар саргаҳи хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва шаҳраки донишҷуёнро, ки дар миёни маҳаллаҳои 19-уму бистум ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бунёди боз як иншооти фарҳангию меъморӣ ҳусну таровати бештар хоҳад бахшид.
Раиси  вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои омодагӣ ва  муҳокимаи  лоиҳаи  ин мавзеъ дидан намуданд.
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин макон маҷмаи меъморию фарҳангии қаҳрамони халқи тоҷик,- Темурмалик қомат хоҳад афрохт. Маҷмаа аз пайкараи Темурмалик бо кишти, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизи ӯ ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад. Иқдоми мазкур пеш аз ҳама барои донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор мешавад ва онҳоро дар руҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард. Зеро корномаи Темурмалики муҳофизу мубориз ва ҷоннисори роҳи озодии Ватан барои насли имрӯз дарси далерию мардонагист. Эхёи арзишҳои таърихӣ бошад, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори миллат аст.
Роҳбари вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулини сохтмон, олимону таърихшиносон, меъморон ва аҳли адаб дастур дод, ки ҳангоми амалисозии корҳои лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ хусусиятҳои аслию таърихии замони Темурмаликро ба назар гиранд ва ин макони тамошобоб ибратбахши насли ҷавон бошаду барои кулли шаҳрвандон дастрасу оммавӣ бошад.