(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хонаи ақди никоҳ ва ансамбли «Зебо» соҳиби манзили нав мешаванд.Субҳи имрӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони се иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихи ҳусни оғоз бахшиданд.
Абдураҳмон Қодирӣ нахуст дар хиёбони Раҳмон Набиеви маркази вилоят барои сохтмони бинои «Хонаи ақди никоҳ» ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт. Бояд гуфт, бунёди иншооти мазкур дар соли оила ва рушди фарҳанг рамзӣ буда, ба ҳусни шаҳри Хуҷанд ҳусни тоза зам хоҳад кард.
Бинои мазкур соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлати мавриди  истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг тӯҳфаи арзанда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри квадрати ва масоҳати сохтмон 2365 метри квадратиро фаро мегирад. Дар ин ҷо хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои ансамбли «Зебо», толори машқи рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консерти барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.
Сохтмони иншооти мазкур бо арзиши беш аз 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва соҳибкорон ба субут расонида шуда, дар сохтмони он соҳибкори инфиродӣ Замира Иброҳимова, ширкатҳои «Ветсервис» ва «Нанотех» саҳм мегузоранд.
Раиси вилоят кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва аъзои ансамли «Зебо» - ро, ки дар он 110 нафар наврасону кӯдакон аз ҳисоби писарону духтарон фаъолият мебаранд, бо ин рӯйдоди муҳим таҳният гуфта, таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои созандагӣ маҳз ба туфайли Истиқлолият, ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар ва сиёсати ояндабини сарвари давлат амалӣ мегарданд.