(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти варзишгарон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ

Тибқи нақшаи якчояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумхурии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд, Бахши Ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ доир гардид.
Дар мулоқот роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, номояндагони руҳониёни шаҳр, варзишгарони шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Дар назди ҳозирон сардори Шӯъбаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шодиҷон Тӯраев, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов, Дотсенти кафедраи «Таърихи ватан»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов, имом-хатиби маҷиди ҷомеъаи ба номи «Ихлос»-и шаҳри Хуҷанд Ғаниев Абдуҳамид,сармурабии вилояти Суғд оид ба санъати муҳорибаҳои омехта Илҳомҷон Солиев баромад намуда, доири  максадҳои ғаразнок ва нопоки роҳбарону пайравони ин гурӯҳҳои зиддидавлатӣ,ки аз номи дини Ислом ҳарф зада, барои  мардумбадбахтию ноамнӣ, хуноезию харобиро меоранд, маълумот доданд.  Баъди суханрониҳои масъулин  байни роҳбаронивоҳидҳои сохтории қудратӣ ва варзишгарон саволу ҷавоб сурат гирифта баъдан ҳозирон филми ҳуҷҷатиро тамошо намуданд.