(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қабули навбатии сокинон дар мақомоти шаҳрӣ.Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид.
Ҳамагӣ барои баррасии масъалаҳои худ 27 нафар сокинон муроҷиат намуданд.
Барои гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ 2 нафар дастрас намудани масолеҳи сохтмонии ройгон ва таъмири хонаи истиқоматӣ 4 нафар, мусоидат барои гирифтани табобати ройгон 3 нафар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки сокинон дархост намуданд.
Барои баррасии саривақтии муроҷиати сокинон мутасддиён вазифадор карда шуданд.