(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Се кӯчаи маҳаллаи «Сари баландӣ» пурра мумфарш мешавад.

Маҳз бо ҳидояту роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанди бостонӣ боз ҳам ободтару зеботар мегардад. То интиҳои ҳафтаи кӯчаҳои «Бӯстон», «Таги сада» ба номи Сайфи Қозиев ва Эшони Шайдои шаҳр пурра мумфаршу таъмир мегарданд.
Дар оғози корҳои таъимру мумфаршкунӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ», ки бештари кӯчаҳои номбурда дар маҳаллаи мазкуранд, сӯҳбат намуд.
«Мувофиқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободонӣ ва таъмири кӯчаҳои маҳаллаҳои шаҳр идома дорад. Ҳоло мо ният дорем бо истифода аз имконоту ҳавои мусоид корҳои мумфаршкуниро  идома диҳем», қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ният доранд давоми ду рӯзи боқимондаи ҳафтаи равон беш аз ҳафт ҳазору чаҳорсад метрии квадратӣ корҳои мумфаршкуниро хушсифат ба анҷомрасонанд, ки масофаи умумии он 2,5 километрро ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки танҳо давоми ҳафтаи равон дар маҳаллаи «Суғдиён» боз 1200 метри квадратӣ рохи байни биноҳои истиқоматӣ пурра мумфарш гардида,   беш аз як километри роҳи  нақлиётгард ва пиёдагард, ки ба яке аз шоҳроҳҳои асосии Хуҷанд, хиёбони ба номи Р Ҳоҷиев мепайвандад, аз таъмири ҷорӣ бароварданд.
Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд беш аз 100 кӯчаи марказию дохили маҳаллаҳо таъмир гардиданд. Ҳоло масофаи умумии роҳи таъмири ҷорӣ ва пурра гашта беш аз 80 километрро ташкил медиҳад.