(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хатти нави технологӣ боз 36 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуд.Корхонаи ЧДММ «Ҷавонӣ» бо иқдому дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар чун яке аз корхонаҳои саноатии пуриқтидори шаҳри Хуҷанд  маҳсуб ёфта, дар баробари фаъолияти мунтазам бо насби воситаҳои техникии истеҳсолӣ сифати маҳсулоти худро боло мебарад.
Ин нуктаи муҳим ҳангоми боздиди кории Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз коргоҳи номбурда аз ҷониби роҳбарияти  корхона зикр гардид. Давоми як ҳафта инҷониб дар сехи рангубордиҳӣ хатти технологии рангдиҳии худкори ширкати «ОМИ»- Италия мавриди истифода қарор дошта, барои афзун гаштани ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамояд. Ин хатти технологӣ аз ҷониби коргоҳ ба маблағи 500 ҳазор доллари Амрико харидорӣ гашта, иқтидори он ба рангдиҳии 5 ҳазор дона шим дар як шабонарӯз мерасад. Ҳамзамон тариқи ин таҷҳизот 40 намуди рангро истифода  бурда ба маҳсулот зебу тобиши хосаи замонавӣ дода шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мутахассисони корхона доири имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои корхона мулоқот намуда, таъкид намуд,ки тариқи чунин навоварӣ ва зиёд намудани номгӯи маҳсулот ба рақобати бозор тобовар будан мумкин аст.
Қобили қайд аст, ки ба истифода додани ин хатти нави технологӣ боз барои 36 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам овард. Иқтидори корхона айни замон давоми як мох истеҳсоли наздик 130 ҳазор дона шим буда, теъдоди он дар як сол ба аз 1 миллион дона мерасад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолмешуда 97 фоизи он ба кишварҳои Аврупо содир карда мешавад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд намудҳои нави маҳсулоти таҷрибавии корхона  барои мавсими баҳору тобистонаи мардонаю занона, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш тарроҳону дӯзандагон омода намудаанд, муаррифӣ гардид.
Рачаббой Ахмадзода аз сифати маҳсулоти нав ва фаъолияти корхонаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ бо кишвархои хориҷа ва зиёд намудани чойҳои нави корӣ ба мардум мусоидат намоянд.