(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолотро талаб намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати кормандони масъули мақомоти маҳаллӣ аз коргоҳи ЧДММ «Неку Хуҷанд» дидан намуданд. Корхонаи мазкур асосан ба коркарди пахта ва истеҳсоли риштаи пахтагӣ машғул аст. Бино ба иттилои масъулини ин коргоҳ ҳоло дар ин коргоҳ фаъолият аз тибқи нақша идома дорад. Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳамарӯза дар се баст ҳамагӣ 56 нафар кор мекунанд. Музди миёнаи маоши онҳо 650-700 сомониро ташкил бештари онҳоро занон  ташкил медиҳанд. Чунон, ки аз мушоҳидаҳо аён гашт, коргоҳ дорои захираҳои мувофиқи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ аст. Раиси шаҳри Хуҷанд нисбати захираи маҳсулоти хом,-пахта таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, супориши қатъӣ дод, ки ҳоло барои захираи ин намуди ашёи хом фурсати мувофиқ  аст. Талаботи соланаи корхона 150 ҳазор тонна пахта буда, то имрӯз ҳамагӣ 10 тонна гаштаасту халос. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини ин коргоҳ супориш дод, ки фаъолиятро пурзур ва чойи кори нави ташкил намуда, Хамчунин бобати ободонии атроф ва даромадгоҳи корхона дастурҳои мушаххас дод. Барои  ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва барои бартаф намудани камбудиҳо 10 рӯз муҳлат дода шуд.