(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маркази таълимию истеҳсолӣ фаъолияти пурсамар дорад.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаи таълимию истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова ба марказ омад.
Ҳангоми шиносоӣ маълум гашт, ки фаъолияти адрасбофони маркази таълими-истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова дар сатҳи хуб қарор дорад. Ин марказ занон ва бонувони хонашинро ба омӯзши адрасбофи ҷалб намудааст. Ҳоло бошад барои омӯхтани нозукиҳои адрасбофӣ наздик 2 моҳ мешавад, ки 20 нафар бонувони хоҳишманд барои касбомӯзӣ ба маркази таълимию истехсолии ба номи Зулфия Бахриддинова меоянд. Ҳоло ҳар кадоме аз онҳо давоми як рӯз то 5 метр адрас мебофанд. Барои фаъолияти пурсамари ин марказ чанде аз ҳунармандон гирандагони гранти Раиси шаҳри Хуҷанд ҳастанд. Яке аз онҳо Машҳура Орипова аст, ки тариқи озмун соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ грант гардид. Акнун номбурда имкон пайдо намуд, ки баробари рушди ҳунари худ боз 10 нафар шогирдонро дар ин марказ адрасбофӣ меомӯзонад. Баъди се моҳи омӯзиш ин шогирдон низ имкон пайдо мекунанд мустақилона ба касб машғул шуда сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд. Раиси шахри Хучанд Рачаббой Ахмадзода ба роҳбарияту ҳунармандони марказ таъкид намуд, ки аз навъи адрас барои духтани руймол матоъ омода кунанд ва ба сифати матоъ ахамияти чидди диҳанд. Боиси тазаккур аст, ки давоми фаъолияти худ маркази таълимиву истеҳсолӣ то имрӯз наздик 100 метр бо 6 намуд адрас истеҳсол намудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин зикр намуд, ки барои ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти ин марказ дар худи коргоҳ ва маркази шаҳр мағозаи фурӯши адрасу атласи ин марказитаълимию истеҳсолиро ба роҳ монда, барои дӯхтани либосҳои миллии арӯсӣ ва занона фармоиш қабул намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки маркази таълимию истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова санаи 11 март бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Теъдоди умуми чунин марказҳои таълимию истеҳсолӣ ҳоло дар шаҳри Хучанд ба панҷ адад расидааст.