(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Симчӯбҳои фарсуда иваз шуданд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои сари вақт баррасӣ ва ҳаллу фасли дархосту муроҷиати мардум ораҳои мушаххас меандешад.
Вобаста ба муроҷиати сокинони маҳаллаҳои «Раззоқ», «Масҷиди савр» ва маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонов ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва омодагӣ ба фасли зимистон дар хиёбони ба номи Р Набиев симчӯбҳои барқӣ иваз  карда шуда истодаанд.
Ҳоло 15 нафар мутахаасисони идораи шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд дар ду баст симчӯбҳои фарсударо, ки давоми 40 сол инҷониб иваз нашуда буданд, бо сутунпояҳои бетонӣ иваз намуда, сими интиқоли барқро низ азнав мекунанд. Бино ба гуфтаи сардори шабакаҳои барқи соҳили чап Абдушукур Лакимов ивази сутунпояҳои барқӣ ва хатти ҳавоӣ ва ноқилҳои буриши хурд ба калон имкон медиҳад, ки талафоти барқ камтар гашта, ҳолати садамавӣ низ аз байн хоҳад рафт. Тибқи нақша ивази 28 симчӯбҳои фарсуда ба сутунпояҳои бетонӣ иваз гардида, корҳои пешбинигашта то интиҳои моҳ ба охир расонда хоҳад шуд.