(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози cафари кории Президенти кишвар ба вилоят Суғд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ сафари кории худро ба вилоят Суғд оғоз кард.
Сафари кории Сарвари давлат дар вилоят аз 18-ум то 21 - уми октябр ҷараён гирифта, дар давоми он Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Истравшан, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқро ифтитоҳ карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ, ободонию созандагӣ шинос шуда, бо сокинону фаъолони вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамояд. Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ноҳияҳои Айнию Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода додани хатти баландшиддати неруи барқ дар шаҳри Қайроққум, кушодани корхонаҳои заршӯию маъдантозакунӣ дар шаҳри Панҷакент, шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар Панҷакент, оғози корҳои обёрии заминҳои обию лалмӣ ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ғончӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон дар Истаравшан ва дигар тадбирҳои созандагӣ аз барномаи асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд мебошад.
Ҳадаф аз татбиқи ҳамаи ин чорабиниҳо таъмини зиндагии осоиштаю сазовори мардуми кишвар мебошад, ки аз сиёсати неку бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сарчашма мегирад.

АМИТ «Ховар»