(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфили хотирмон: Дурдонаҳои панду ибратТаҳти чунин унвон дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки хеле музайян ва хотирмон буд.

Маҳфил ба ёдбуд ва муаррифии китоби «Панду ибрат»-и олим ва адиби номвар, устод Муродии Хуҷандӣ бахшида шуд. Дар он муҳиббону муридон, шогирдону пайвандони равоншод иштирок намуданд.

Сараввал аз ҳаёту фаъолияти устод Муродии Хуҷандӣ филме бо номи «Симо» манзур ба тамошои ҷамъомадагон гардид, ки дар он бузургони илму адаб, аз қабили Аҳмадҷони Раҳматзод, Матлубахон Хоҷаева ва Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода андешаҳои хешро оид ба фазилату хислатҳои наҷиби инсондӯстонаи марҳум баён намуданд. Зикр гардид, ки бо заҳмати софдилонаву сидқидилонаи хеш устод то ба дараҷаҳои баланди илмиву маърифатӣ ва ҷамъиятӣ, ба монанди академики Академияи мардумии Осиёи Марказӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд расида, мардонавор дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, маҷрӯҳи ҷанг гашта буд.

Маҳфили хотирмон: Дурдонаҳои панду ибратСипас бо ҳунарнамоии шогирдони Маркази илмӣ-маърифатии «Эҳёи маънавият», ки чун ҳунармандони касбӣ баромадҳои хеле ҷолибу назаррабо намуданд, саҳнаҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ, минҷумла айёми наврасиву ҷавонӣ ва бо ҳидояту раҳнамоии падари бузургвор ва устодони мӯътабар вориди майдони бекарони илму адаб гардидани устод Муродии Хуҷандӣ намоиш дода шуд.

Дар хотири тамошобинон бахусус, саҳнае аз мулоқоту сӯҳбатҳои таърихии Муродӣ ҳамроҳи сиёсатмадори бузурги давр Ҷаббор Расулов бо Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Fафуров, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ҳамчунин, қироати бисёр ифоданоки шеърҳои орифонаи шоир Муродии Хуҷандӣ таҳти унвони «Тоҷикам» ва «Муаллим»аз ҷониби толибилмони марказ боқӣ монд.

Сарояндагони хушсалиқаву мумтоз Ҳилолиддин Шамсиев, Сироҷиддин Худоймерганов, Давлатманд Қутбиддинов ва Ҳалимҷон Салимӣ бо сурудҳои рӯҳнавоз, ки матн аз ашъори устод Муродии Хуҷандӣ доштанд, ба маҳфил ҷилои дигар бахшиданд.

Маҳфили хотирмон: Дурдонаҳои панду ибратНависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, ки фарзанди инсони маъруф Олимхон Махдум аст, аз сӯҳбатҳои ирфонии падараш бо равоншод нақлҳои ҷолиб кард.

Дар фарҷом фарзанди рашиди устод Муродии Хуҷандӣ - Ҳоҷӣ Низомиддин Муродӣ ба созмондиҳандагони маҳфили ёдбуд, бахусус, устодону шогирдони Маркази илмӣ-маърифатии «Эҳёи маънавият» ва ҳамаи шогирдону муридони қиблагоҳиаш изҳори сипос намуд.