(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳр дар чорабинии аъмоён.Ҳамасола санаи 15 октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид чун Рӯзи аъмоён қайд карда мешавад.
Ба ин муносибат дар Маркази хуҷандии иҷтимоӣ-эҳёкунии ҷамъяти нобиноён ҳамоиши шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид. Дар маркази номбурда 76 нафар шахсони қувваи биноияшон маҳдуд кору фаъолият дошта, маҳсулоти рӯзгору ашёи сабуки саноатиро истеҳсол менамоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин муассисаи иҷтимоӣ омада дар чорабинии кормандону аъзоёни ин ҷамъият ширкат намуд.
«Дар кишвари мо маҳз бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба ва ҳамарӯза зоҳир мегардад. Давоми сол дар санаҳои таърихӣ ва хотирмон расондани кӯмаки яквақта, бархурдор будани ин қишри ҷомеъа аз амалишавии ин сиёсати сарвари давлат аст. Бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба аъзоёни ҷамъият Одинаев  Шодимаҳмад барои соҳиби манзил гаштан, ба Қаюмов Раҳмон, Негматова Муқаддам кӯмаки як вақтаи молӣ расонда шуд».
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон таъкид намуд, ки ҳоло мақомоти маҳаллӣ эътибори махсус ба касбомӯзии ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани нафарони зикргардида эътибор медиҳад. Минбаъд барои омӯзиши компютер, ҳунарҳои мардумӣ ва дастӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд эътибори хоса дода хоҳад шуд.
Раиси шаҳри Рачаббой Аҳмадзода ба 200 нафар аъзоёни ҷамъияти нобиноён, - сокинони шаҳри Хуҷанд ба маблағи 50 сомонӣ кӯмаки яквақтинаи молиро тақдим намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба 141 нафар маюбони дараҷаи якум, ки иллати биноӣ доранд, бо маблағи 200 сомонӣ ба ҳар кадомӣ чудо гардид.