(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳаллаҳои «Чашмаи арзана» ва «Навбаҳор» нақшаи даъватро иҷро намуданд.Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораю тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати комиссияи даъватии бо салоҳият таъсис дода шудааст. Тибқи қарори номбурда баробари фаъолияти пурсамар аъзоёни комиссия ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро байни волидайн вусъат дода ният доранд нақшаи ҷалби ҷавонони синни даъватиро ба хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат иҷро намоянд.
Ин аст, ки давоми ду рӯзи охир ду маҳаллаи шаҳр, маҳаллаҳои «Чашмаи арзана» ва «Навбаҳор» аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қушунҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, дар ҷаласаи ҷамбастии нӯҳмоҳаи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба барои нахустин шуда иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба раиси маҳаллаи «Чашмаи арзана» Осим Охунов Сипосномаи Раиси шаҳр ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуда буд.
Ҳоло маҳаллаи «1 май» низ дар арафаииҷроиши нақша қарор дошта, тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода то санаи 20 октябри соли равон бояд нақшаи даъвати ҷавонон иҷро гардад.
Айни замон нақшаи даъвати ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд 44% ташкил медиҳад.