(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Супоридани ҷоизаҳои ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ва Раҳим Ҷалил дар «Рӯзи шаҳри Хуҷанд»Дар рӯзи таҷлили «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» ба як қатор ходимони илмӣ ва адабӣ мукофоти ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ва Раҳим Ҷалил супорида шуд.
Дар натиҷаи баррасии ин интихоби шахсони арзанда дар маҷлиси васеи Кумитаи Мукофотҳои ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ва ба номи Раҳим Ҷалил асарҳои номзадҳо барои гирифтани мукофотҳо муҳокима гардида, мукофоти махсуси ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ба профессори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Умеда Ғаффорова ва дар риштаи ҳунар ба рассоми шинохта, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Насиба Эшонова сазовор дониста шуданд. Ҷоизаҳои адабии ба номи Раҳим Ҷалил бошад дар риштаи назм ба шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ, дар наср ба нависандагон Ғайрат Ҳаким, Усмонӣ Инъом Султонзод ва дар риштаи нақди адабию адабиётшиносӣ ба профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Неъматҷон Файзуллоев сазовор дониста шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар лаҳзаи тантанавӣ мукуфотпулии ин ҷоизаҳо, ки ҳар кадомӣ ба маблағи се ҳазор сомонӣ аст, ба нафарони номбурда супориданд.
Шахсони соҳиби мукофот гашта, барои эҳтирому қадрдонии ҳамешагии меҳнату эҷоди онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ барои боло бурдани маърифату хештаншиносии мардуми диёр кушиши худро равона хоҳанд кард.