(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили «Рӯзи шаҳри Хуҷанд»Санаи 26 сентябри соли равон дар майдони Театри мазҳака - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ тантанаи идона бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Қаблан муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар назди меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии идона суханронӣ намуданд.
Муовини  Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми ширкаткунандагон ва сокинони маркази вилоятро бо ин рӯз табрик намуд. alt«Имрӯз рӯзи шаҳрест, ки онро оламиён Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри некӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистони азаизи мо даврони соҳибистиқлолиро аз сар мегузаронад. Ба қавли сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад.»
Бале ҳақ ба ҷониби сарвари давлат мебошад, ки Хуҷанд ва мардуми он дар баробари қадам задан бо замони муосир дороиҳои анъанавӣ ва маънавии хешро ҳифз менамоянд ва онро барои ояндагон мерос мегузоранд»
Академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов табрикоти самимии олимону ходимони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди Хуҷанд расонд.
Баъдан ба ширкаткунандагони тантанаи «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» намоиши театркунонидашуда ва консерти калони идона бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони вилоят пешкаш гардид.