(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Осори Рӯдакӣ рамзи абадияти фарҳангу адаби миллати тоҷик.Бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 21.09.2015 № 668 ба имзо расидабуд, ки ин сана дар маркази вилоят бо шукӯҳ таҷлил гардид.
Ба ин муносибат дар назди мучассамаи бунёдгузори адабиёти классики тоҷик рӯзи Рӯдакиро қайд карданд.
Дар он муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи аҳли илму адаб ва зиёиёни вилояту ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Зикр гардид, ки омузиши хаёт ва осори Абуабдуллоҳ Рӯдаки барои ғани гаштани маънавиёти ҷомеа муҳим аст.
Рӯзи Рӯдаки дар назди мучассамаи шоир бо чалби хазорхо нафар мардуми касбу кори гуногун доир гашт. Дар ин рӯз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят аз зиндагинома ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдаки ба мардум маълумот доданд. Бино ба гуфти муовини раиси вилоят Назира Ғаффори осори маликушшуаро боиси омӯзишу тахкик буда дар гани гаштани маънавиёти чомеа мухим аст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади хеш изҳор намуд, ки « Осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тарбияи дурусти насли ҷавон нақши муассир дорад. Хусусан пандхои ахлокии шоир метавонад ҷомеаро ба рохи дурусти созанда хидоят кунад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо гузашти зиёда аз хазор сол эчодиёти Рӯдаки бо фахмоиву соддабаёнияш барои кули форсизабонони ҷахон дастрас аст. Бино ба гуфти ахли адаби вилояти Суғд чанд сол аст, ки бо пешниходи онхо осори классикони тоҷик барои хонандагони мактаб тахия ва дарч шуда истодааст. Чанд вакт пештар раиси вилоят низ аз дарчи осори классикон пӯштибони кард ва акнун хар сол мачмӯъи эчодиёти шоирони классик мутобик ба фахмиши хонандагон соддаву оммафахм дарч хохад шуд. Ба надешаи рӯдакишиносон чомеаи имрӯза ки аз чихати ахлоки осебпазир шудааст бояд аз зинаи мактаби бо таргибу азхудкунии эчодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдаки онхоро тарбият кард. Гурӯхе аз адабиётшинон мегӯянд, ки бо гузашти бештар аз хазор сол холо хам осори Рӯдаки ба таври пурра омӯхта нашудааст ва дастхатхое хам мавчуд мебошанд, ки нисбати онхо то хатто корхои илмие ҳам анчом нашудааст. Шашмақомсароёни «Нури Хуҷанд» аз ашъори шоир сурудхо сароиданд ва чорабиниро рангин намуданд.