(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Манзили нав барои оилаи ниёзманд бунёд гардид.Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар арафаи рӯзҳои иди миллӣ ва таърихӣ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию шароити зисти нафарони яккаву танҳо ва нодору эҳтиёҷманд тадбирҳои мушаххас ва амалӣ меандешад.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар арафаи Иди Қурбон шодишарики оилаи Турсуновҳо гашт. Ин оила давоми 15 сол инҷониб бинобар набудани имконият дар манзили садамавӣ истиқомат дошт.
Дар оғози соли равон баъди хабаргирӣ аз ҳоли сокини маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонов, кӯчаи ба номи Қосим Собиров Тоҷӣ Турсуноваи 83 сола ва фарзанди ягонаи ӯ Муродҷон Турсунов, ки ҳар ду чун шахсони имконияташон маҳдуд дар қайд меистанд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини мақомоти маҳаллӣ супориш дода буд, ки барои бунёди хонаи нав ва таъмири манзили истиқоматии ин оила чора андешанд. Баъди харидорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сокинони маҳаллаи номбурда тариқи ҳашар барои сохтмони хона ва ба тариб даровардани ҳавлии оилаи Турсуновҳо саҳм гирифтанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оилаи номбурдаро бо фарорасии иди хайру эҳсонкорӣ табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки аҳли маҳаллаи мазкур барои расондани кӯмак ба дигар шахсони ниёзманди ҳаммаҳаллаи худ ин кори некро идома хоҳанд дод.
«Имрӯз дастуру супориши Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои масъулини мақомоти маҳаллӣ аз он иборат аст, ки чунин шахсони эҳтиёҷманд худро танҳову фаромӯшшуда эҳсос накунанд. Зеро вазифаи мо эътибор додан ва кӯмаки амалӣ расондан ба чунин қишри ниёзманди аҳолӣ аст»- таъкид намуд Рачаббой Аҳмадзода ҳангоми сӯҳбат бо ҳамсояҳои ин оилаи ниёзманд.
Дар навбати худ сокинони маҳаллаи мазкур ба чунин ғамхории беғаразона ва эътибори ҳамарӯза ба оилаҳои ба ғамхорӣ ва дастгирӣ эҳтиёҷдошта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуданд.