(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Назира Ғаффорӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар меҳмонии Бароат ҲоҷибоеваТибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғамхории шахсони собиқадор, нафароне, ки дар ободию пешравии кишвар хизматҳои шоиста кардаанд, ҳамеша дар мадди назари мақомоти маҳалли қарор дорад.
Субҳи имрӯз муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар манзили омӯзгори собиқадор, Доктори илмҳои филологӣ, профессор Бароат Ҳоҷибоева меҳмон шуда, ӯро аёдат намуданд.
Муаллима Бароат Ҳоҷибоева имрӯзҳо ба бемории худ нигоҳ накарда, дар иҳотаи фарзандону наберагон ва абераҳои худ, дуогӯю насиҳатгари онҳост.
Назира Ғаффорӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода олимаи шинохтаро бо Иди Қурбон табрик намуданд, ва ба номбурда баробари таманниёти нек тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Фарзандони муаллима, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва омӯзгори шинохта Муаззама Ҳоҷибоева ба меҳмонон иттилоъ доданд, ки зери назари модарашон китоби таърихие аз ҳаёти падари Бароат Ҳоҷибоева,- Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони шӯравӣ, китобе омодаи нашр аст, ки рӯзҳои наздик ба дасти хонандагон хоҳад расид. Ин китоб аз рӯзгори талхи фарзандони ин ходими сиёсӣ баъди куштори ӯ ва кӯдакии пуразоби се фарзанди ятиммонда дар кӯдакистонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ накл мекунад.
Муовини Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд барои устоди чандин омӯзгорони кишвар тансиҳатию давлати поянда орзу намуда, таъкид намуданд, ки онҳо ҳамеша барои фароҳам овардани тамоми шароитҳои лозима кӯшиш хоҳанд кард.
Собиқадори меҳнат, омӯзгори маъруф барои эътибору таваҷҷӯҳи ҳамарӯза ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, дар ҳаққи онҳо дуои нек намуд.