(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати қаҳрамони меҳнат ва омӯзгорони барӯманди шаҳр

Дар арафаи таҷлили рӯзҳои таърихӣ ва миллӣ аёдату хабаргирӣ ва кӯмаки шахсони барӯманду ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова чанде аз собиқадорони меҳнати шаҳри Хуҷандро аёдат намуданд.
Сараввал онҳо ба манзили Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова омаданд. Ин зани қаҳрамон бо самимияти хоса меҳмононро қабул намуда, барои эҳтирому ғамхорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти маҳаллӣ сипосмандӣ намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳ Тоҳироваро бо Иди Қурбон табрик намуда, тӯҳфаи хотиравӣ ва кӯмаки яквақтаина иборат аз маводи озуқа ба номбурда расонд. Раҷаббой Аҳмадзода ва Гулбаҳор Турсунова баъдан барои хабаргирии омӯзгори собиқадор, - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудахон Қосимова омаданд. Муаллима давоми 40 солифаъолияти меҳнатии худ чандин насли тарбиятгирандагони худро донишу маърифат омӯзонда, ба шоҳроҳи зиндагӣ гусел намудааст. Мақсудахон Қосимова аз даврони осоиштаи имрӯза шукргузорӣ намуда, омодагии худро барои тарбияи кадрҳои ҷавон изҳор намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндаи мардум дар парлумони кишвар ҳамчунин ба манзили боз як омӯзгори собиқадор, ки роҳбарияти чандин мактабҳои шаҳрро ба зимма доштааст меҳмон шуданд. Сироҷиддин Тоҷибоеви 77 сола давоми чанд сол дар бистари беморӣ аст. Номбурда фаъоляти 40 солаи омӯзгорӣ дошта, нахустин сарвари мактаби таҳсилоти умумми № 21 буд. Маҳз кордонию ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, роҳбарии мактабҳои № 3,№ 22, № 5 дар солҳои гуногун ба ӯҳда дошт. Меҳмонон ба номбурда тансиҳатию саодатмандӣ орзу намуда, таъкид намуданд, ки масъулини мақомоти давлатӣ ҳамеша аз шароити собиқадори меҳнат огоҳ хоҳанд буд.
Омӯзгори забони англисӣ Галина Проценкои 78 сола ва омӯзгори собиқадори забони арабӣ Ҳақиқат Насруллоеваи 88 сола аз ташрифи Раҷаббой Аҳмадзода ва Гулбаҳор Турсунова руҳбаланд гашта, барои ғамхории пайвастаи давлату ҳукумат арзи сипосмандии худро баён доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми таҷлили рӯзҳои Иди Қурбон тибқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят чорабинии идона бо оростани дастурхони идона ва ҳамчунин аёдати шахсони ниёзманди шаҳр пешбинӣ гаштааст.