(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Фарорасии Иди Қурбонро ба ҳамаи Шумо табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Иди Қурбон нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби Ҳанафӣ ба шумор меравад, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо таҷлил мегардад. Зеро ин суннати муборак таҷассумкунандаи ваҳдати аҳли ҷомеа, тарщибгари дӯстиву рафоқат, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии одамон буда, онҳоро пеш аз ҳама ба анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ даъват мекунад, ба ҳамдигар кӯмаку дастгирӣ карданро меомӯзонад. Мо медонем, ки таълимоти дини мубини ислом саршор аз щояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, самимияту муҳаббат, муомилаи нек бо атрофиён, риояи аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморон ва ятимону маъюбон, ёриву щамхорӣ ба дармондагону камбизоатон ва пос доштани хотири гузаштагон мебошад.
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон таъкид доранд: «Мазҳаби Ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоқу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад».
Дар ислом, бахусус мазҳаби Ҳанафӣ  инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ҳидоят менамояд, ки зиндагии муносибу арзандаро пеша намояд, бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ умр ба сар барад ва дар баробари ин  худро аз ҳама аъмоли зишту зараровар, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу щорат дар канор гирад ва ин амалҳои носавобро маҳкум намояд.
Аз ин рӯ ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ доим саъю талош намуда, ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.
Боварӣ дорам, ки ҳар яки Шумо-мардуми шарифи Хуҷандшаҳр  дар арафаи ин Иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии ниёгони худро идома дода, минбаъд низ барои ободиву тараққиёти кишвари азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоед.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати Иди Қурбон табрик мегӯям ва бароятон имони комил, сарбаландию некномӣ ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                         Раҷаббой Аҳмадзода