(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кабули навбатии Раиси шаҳрДар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Ҳамчунин бо мақсади ошноии бештар пайдо намудан бо масъалаҳои ҳалталаби сокинон дар қабули шаҳрвандон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова иштирок намуд.
Давоми рӯзи қабул ба унвонии шаҳрдорӣ беш аз 60 нафар истиқоматкунандагон муроҷиат намуда барои ҳалли масъалаҳои худ кӯмак ва мусоидат дархост намуданд.
Дар ин рӯз дар баробари чанде аз сокинони маркази вилоят, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр омада буданд, ҳамчунин барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ 20 нафар, гирифтани кӯмаки масолеҳи сохтмонӣ ва таъмири манзил 8 нафар, гирифтани табобати ройгон 4 нафар, гирифтани манзили истиқоматӣ 8 нафар, барои гирифтани кӯмаки яквақтаина 9 нафар ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.