(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи ғайринавбатии фаъолон бо иштироки Раиси шаҳр.Ҷаласаи ғайринавбатии фаъолон бо иштироки Раиси шаҳр.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ғайринавбатии худро бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, сарварони макотиби шаҳр, корхонаҳои калони истеҳсолӣ ва дигар фаъолон доир намуд.
Дар ҷаласа доири омодагӣ ба «Рӯзи Рӯдакӣ», Иди Қурбон» «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» сатҳи тайёрӣ ба зимистон ва чанд масъалаҳои  муҳими шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон дар маркази вилоят ,- шаҳри Хуҷанд баргузории чанд чорабиниҳои муҳим пешбинӣ гаштааст. Қабл аз ҳама Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки барои таҷлили «Рӯзи Рӯдакӣ» дар пояи муҷассамаи Абуабдулло Рӯдакӣ бо иштироки ансамби давлатии «Нури Хуҷанд» чорабинии фарҳангӣ баргузор намуда, дар рӯзҳои «Иди Қурбон» шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат аёдат карда шаванд.
Бахшида ба рӯзи шаҳр, ки санаи 26 сентябри соли равон қайд карда мешавад, баргузории чорабинии варзишии футбол, чавгонбозӣ, тенниси калон, шиноварӣ, қайиқронӣ, намоиши маҳсулоти гуногуни истеҳсоли Хуҷанд, намоиши консертии театрикунонидашудаи фарҳангӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ташрифи меҳмонон аз шаҳрҳои бародарӣ пешбинӣ гаштааст. Раиси шаҳр дастур дод, ки сохторҳои дахлдори мақомоти маҳаллӣ бояд барои баргузории ин чорабиниҳо нақшаи кории худро таҳия намоянд.
Эътибори хоса ба масъалаи омодагии тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба мавсими зимистони имсола дода шуд. Ба Раиси шаҳри Хуҷанд идораи Шабакаи барқи шаҳр, идораи «Хуҷандобуканал», муассисаҳои хоҷагии манзилӣ ва ободонӣ, идораи маориф ва тандурустӣ иттилоъ доданд, ки муассисаҳои зертобеи онҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ пурра омода карда шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки тамоми истгоҳҳои барқии шаҳр аз санҷиш гузаронида шуда, таъмини муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ,иҷтимоӣ, беморхонаҳои шаҳр бо ангишт, ҳатман зери назорати доимии ситоди зимистонгузаронӣ бошад. Дар ҳамин замина, идораҳои хоҷагии коммуналӣ даромадгоҳҳо ва тирезаҳои байниошёнавии биноҳои баландошёнаро ба мавсими дар пешистода пурра омода намоянд. Ҳамзамон ба идораи «Хуҷандобуканал» супориши қатъӣ дода шуд, ки сокинон мунтазам бояд бо об таъмин бошанд.
Тибқи нақша дар шаҳр корҳои таъмири роҳ ва мумфаршкунӣ идома дода шуда, оро додани майдону гулгаштҳои Хуҷанд бо гулу буттаҳои ороишии зимистона давом хоҳад ёфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой ба ҳозирон таъкид намуд, ки тамоми чорабиниҳои дар пеш истода бояд дар сатҳи баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ баргузор гардад.