(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоту қабули Вакили парлумони  кишвар.Дар шаҳри Хуҷанд силсилаи вохурию мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова идома дорад.
Имрӯз тибқи нақша дар қабулгоҳи ҷамъятии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули сокинони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вакили номбурда доир гардид.
Вобаста ба ин бо масъалаҳои таъмини иҷтимоӣ, муқаррар намудани гурӯҳи нафақа, баҳси манзил, иваз намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, баҳси ҳуқуқӣ доири собиқаи корӣ ва ғайра танҳо дар ин рӯз зиёда аз 10 нафар сокинон муроҷиат намуданд.
Лозим ба ёдоварист,ки чунин мулоқоту вохӯрӣ ва қабули сокинон аз ҷониби вакили мардумӣ аз санаи 10 сентябр оғоз ёфта, то санаи 18 идома ёфт. Дар умум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи № 13 шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 нафарро бо масъалаю мушкилоти гуногун қабул намуда, барои баррасии онҳо чораҷӯӣ намуд.