(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти муфид бо варзишгарон.Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, инчунин дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешигирӣ намудани омилҳои номатлуби  бегонапарастӣ, тандгароӣ доир мегардад.
Дар мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳр мулоқоти муовини  Раиси шаҳри  Хуҷанд Умедахон  Бурҳонзода, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов, сардори шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шодӣ Тӯраев бо мураббиён-тренерон, варзишгарони муассисаҳои варзишии Хуҷанд доир гардид. Масъулини сохторҳои номбурда дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ сӯҳбат намуда, таъкид намуданд, ки з ҳар кадоме аз сокинони кишварро лозим аст, ки барои посдории ва тарғиби фарҳанги миллӣ саҳми худро гузорад.
Ҳар миллатро бо фарҳанг, маданият, анъанаю суннатҳои мардумии он мешиносанд.
Мусаллам аст, ки дар назди ҳар миллату қавми баору номус на танҳо нигоҳдории ин рукнҳои миллат меистад.
Барои ин таваҷҷуҳи  давлату ҳукумат низ доири ин масъала  ба он хотир аст, ки насли имрӯза ба тарғибу бофтаҳои ғаразноки аҷнабиён дода шуда, ба арзишҳои миллати бофарҳанги аҷдодиамон эҳтиром гузорад.
Баъд байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мураббиёну варзишгарон савол ҷавоб ва пешниҳоду таклифҳо сурат гирифт.
Дар охир ба иштирокчиёни вохӯрӣ филми мустанад оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои терористӣ ва экстримистӣ ва ваҳшигариҳои созмони терористии ба ном давлатӣ исломӣ намоиш дода шуд.