(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти Имом хатибони шаҳри Хуҷанд Оиди хиёнат ва ҳуҷуми мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ҳамроҳи ҳаммаслакон ва ҳамҳизбиёнашДар меҳвари гардиши коинот тамоми асрори нуҳуфта ошкор мешавад.
Аз ҷумла бо мурури замон Ҳизби Наҳзати Ислом ва ҳадафҳои ғаразноки он, ки таҳти ниқоби «Ислом» мастур буд рӯз то рӯз кушода шуда истодааст, ваҷоҳати ҳақиқии аъзои онро мардум бо чашми худ дида қабоҳати кори бади ин тоифаро маҳкум мекунанд.
Аз васоити ахбори умум масоили марбут оиди ҳуҷуми мусаллаҳона ва қатлу куштори яке аз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назаров) ва ҳаммаслаконаш вақто, ки интишор ёфт мо ходимони дин ин кирдори зидди динӣ ва ноҷавонмардонаи ин гурӯҳро маҳкум намудем.
Ҳоҷӣ Ҳалим! Забони кас ба «Ҳоҷӣ» гуфтани чунин шахси нобакор намеравад, яъне Абдуҳалим Назаров дар замони нооромиҳо ҳамчун узви «Наҳзат» мухолифи давлати худ, миллати худ дар ҷанги хонумонсӯз командирӣ мекард. Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиддиятҳои зиёд нигоҳ накарда бо мухолифин сулҳу оштӣ кард ба онҳо сӣ фисади мансабҳои Ҳукуматро дод, ки ин дар таърихи башарият вуҷуд надорад, ҳодисаи нодир аст, аз ҷумла ба Ҳалим Назаров рутбаи генералӣ ва вазифаи воломақом дод.
Ҳалим Назаров дар ҷавоб чӣ кор кард? Дар мақоли халқӣ мегӯянд: «Ончӣ ба хун медарояд ба ҷон мебарояд».
Вазифаю рутба зоҳири ӯро дигар кард аммо ботини вайрони ӯ тағйир наёфт, пинҳону гоҳо ошкоро бо роҳбари ҳизбаш Муҳиддин Кабирӣ нақшаи харобиоварро бар зидди халқи Тоҷикистон ва миллати тоҷик таҳрези мекард, зеро дар он ҳадафҳои молӣ низ вуҷуд дошт, ки аз хоҷагони хориҷиашон ба онҳо мерасад.
Имом хатибони шаҳри Хуҷанд чандин сол аст, ки аз хатарҳои «Ҳизби наҳзат» ва бо тариқи қонунӣ боздоштани онро талаб мекунанд, зеро хадафи ин ҳизб хизмат ба ислом нест, балки ҳадаф ҳукуматро соҳиб шудан, агар илоҷаш нашавад Тоҷикистонро ноором кардан ва байни мардум тафриқа ва фитна андахтан асту халос.
Мардум аз ҷумла аксари аъзои ҳизби наҳзат ҳақиқатро дарк карданд, дар шаҳри Хуҷанд ҳамаи аъзо аз ин ҳизб даст кашиданд, бахши он расман фаъолияти худро қатъ кард, ки ин ҳақиқат роҳбарияти болоии ҳизбро дар ҳайрат гузошт ва онҳо чи кор карданашонро надонистанд.
Мана имрӯз аъзои ин ҳизб бо роҳбарии узви фаъоли он Ҳалим Назаров аз фурсат истифода карда даст бар силоҳ зада сабаби қатлу куштор ва маҷрӯҳ шудани аъзои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ шуда худ фирор карданд ва бо ин кори бадтарини худ, гӯё онҳо ба ислом хизмат карданд ё вазифаи гузоштаи хоҷагонашонро ба ҷо оварда бошанд?
Ин гурўҳи ҷиноятпеша мехостанд сохти конститутсионии Ҷумҳуриро тағйир диҳанд, яъне мехостанд Тоҷикистонро бори дигар ба хоку хун оғушта кунанд.
Чуноне, ки солҳои наваддум мардумро гумроҳ карда аз номи дин муллоҳои мутаасиб сӯиистифода карданд. Яъне Ҳамон ҳизбиён буданд, ки ба аскарони худ мегуфтанд: «Шумо тирро парронед, фариштаҳои хос онро ба синаи куффор мезананд!».
Мо ходимони дини шаҳри Хуҷанд дар ин масъала бетараф набуда мавқеи худро муайян карда фаъолияти ғайриинсонии Ҳалим ва ҳаммаслакону, ҳамҳизбашонро маҳкум менамоем.
Бинобар ин бо тамоми ҷиддият ва қотеона талаб менамоем, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пурра қатъ карда шавад, роҳбарони хоин ва ҷиноятпешаашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Барои мо дигар ин хел ҳизбу ҳаракатҳо лозим нестанд.
Мардуми мусулмони диёрамонро ба оромӣ, ваҳдат ва дар атрофи роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ мудтаҳид буданро даъват мекунем.
Дар охир дуо мекунем, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдор, ватан обод, миллати тоҷик сарбаланд бошад.
Омин ё раббал оламин.
Имом хатибони шаҳри Хуҷанд.