(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд хиёнаткоронро маҳкум менамоянд.Ҷавонони шаҳри Хуҷанд рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абдуҳалим - ро сахт маҳкум менамояд. Воқеан Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рӯйдоди одилонаи таърихӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон гардида, боиси шарафу сарбаландии мост.
Дар 24 - соли Истиқлолият нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми кишварро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии тоҷикону тоҷикистониёнро таҳким бахшид. Агар фаъолияти бистучорсолаи давлатдориамонро таҳлил намоем, он барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи арзишманди давлату давлатдорӣ буда, моро таҳти сарварии Пешвои миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо решаҳои тавонои чандинҳазорсолаи давлатдориамон пайваст намуд. Бо ибтикор ва дастгирии Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони шаҳри Хуҷанд дорои шароити хуби таҳсил ва фароғат гаштанд, ки ҳамаи ин бевосита меваҳои Истиылолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Вале як чизро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз байни обу оташи шадид гузар карда, бо худшиносиву матонати миллиаш худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит сохт, ки соҳиби гузаштаи пурифтихор, таърихи тулонӣ ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад. бо шунидани хабари хиёнаткоронаи Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани муҳофизони ватан, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои ватани азизамон ҷоннисорӣ намуданд, ҷавонони шаҳр бетараф нестанд.
Мо, ҷавонони шаҳри Хуҷанд марзу буми Ватани азизамонро муқаддас шуморида, онро сидқан дӯст медорем ва саҳми арзандаи худро дар бунёди ин давлати мутараққӣ хоҳем гузошт ва бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем, ва барои осудагӣ ва суботи Тоҷикистон сайъу кушиш намуда тамоми ҳастии худро равона месозем.