(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии   Точикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид. Теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 76 нафарро ташкил дода, сокинон ҳангоми мулоқоти бевосита бо Раиси шаҳри Хуҷанд доири мушкилоти худ, ва ҳалли онҳо дархост намуданд. Давоми рӯз бо мақсади мусоидат намудан барои мумфаршкунии роҳҳои маҳалли зисташон 6 нафар, барои гирифтани кӯмаки молиявӣ 9 нафар, кӯмак барои пардохти маблаги шартномаи тахсил 4 нафар, ҷудо намудани қитъаи замини наздихавлигӣ 16 нафар, таъмин бо манзили истиқоматӣ 6 нафар ва ба хобгоҳ ҷойгир намудан 2 нафар  бошандагони маркази вилоят ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуданд. Ҳамчунин ду нафар аз сокинон бо мақсади пешниҳод доири саҳмгирӣ дар сохтани майдончаи варзишӣ дар маҳаллашон низ муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳалли мушкилоти мардум масъулини сохторҳои вобастаро вазифадор намуда барои иҷроиши сари вақтии онҳо дастур дод.