(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боз 1000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд аз шаҳракаи навбунёди «Сайҳун» соҳиби қитъаи замин гаштанд.

Дар ин чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Дар қатори 2000 нафар эҳтиёҷмандон аз шаҳри Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атроф - Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Чкалов, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Куҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Конибодом ва Ашт замин барои бунёди манзил тақсим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо шаҳрвандони эҳтиёҷманд иброз дошт, ки тули панҷ соли охир дар вилоят 83 ҳазор нафар бо замин таъмин гардида, қисме аллакай манзил бунёд кардаанд. Дар вилоят ҳамрадиф бо Сайҳун, бунёди шаҳракҳои нав аз қабили Моҳпарӣ дар шаҳри Исфара барои 65 ҳазор нафар, Меҳробод дар ноҳияи Мастчоҳ барои 30 ҳазор нафар, Саразм дар шаҳри Панҷакент барои 25 ҳазор нафар ва Баҳористон дар шаҳри Истаравшан идома дошта, ҳадафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон мебошад. Ба шаҳраки нави Сайҳун то имруз оби нушокии хушсифат оварда шуда, ҳамчунин оби полезӣ аз дарёи Сир ва хати барқу ташноб то маркази шаҳрак кашида шудаанд. Яъне барои бунёди манзил тамоми шароитҳо муҳайё шуда, шаҳрвандон метавонанд инчунин аз хатсайрҳои Хуҷанд-Сайҳун ва Бобоҷон Ғафуров-Сайҳун ройгон истифода баранд.
Дар шаҳраки нави Сайҳун 20 микроноҳия ташкил шуда, сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматии 9-15 ошёна шаҳомати шаҳракро афзун хоҳанд намуд. Ҳамчунин дар шаҳрак сохтмони корхонаи оҳангудозӣ, сементбарорӣ ва бунёди боғ дар масоҳати 6 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. Интизорӣ меравад, ки коргоҳхои номбурда давоми 5 соли минбаъда бунёд ёфта, зиёда аз 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки сохтмони чунин шаҳракҳо дар дигар мавзеъҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома дошта давоми 5 соли ахир 83 ҳазор оилаҳои ниёзманд соҳиби қитъаи замини наздихавлигӣ шуда, шароити зисташонро беҳтар кардаанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки ба нафарони ниёзманд ва мӯҳтоҷ дар сохтани манзилашон кӯмак карда мешавад.
Тақсимот тариқи  қуръакашӣ сурат гирифта ба сокинон 6 сотихӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Дар навбати худ сокинон хам миннатдории худро ба Сарвари давлат ва раиси вилояту шаҳр баён намуданд.