(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар маҳаллаи «Мевағул» боз як кӯча обод мешавад.Дар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Мевағул»-и шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ оғоз ёфт.
Дар расми ифтитоҳи ин корҳои ободонӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Роҳи мазкур наздик як килметр масофа дошта, он бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони маҳаллаи мазкур ва соҳибкорон рӯи таъмири кулл ва ҷориро мебинад.
Ин роҳ аз гардиши кӯчаи Рифъат Ҳочиев то гардишгои «Автомагистрал» тӯл кашида, давоми чанд даҳсолаҳои охир ҳолати хароб дошт.
Корхои мумфаршкуниро Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасонад. Дарозии роҳи мазкур 750 метрро ташкил дода, ҳудуди 300 тонна мумфарш сарф мегардад. Барои анҷоми корҳои таъмир ва асфалтхобонӣ наздики 450 ҳазор сомонӣ сарф хохад шуд. Қисми зиёди  ин хароҷот аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва боқимондаро соҳибкорону истиқоматкунандагон маблағгузорӣ мекунанд. Дар хамин ҳол Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  аз сокинон даъват кард, ки дар ободонии роҳҳо саҳми бештар бигиранд. Лозим ба ёдоварист, ки тибки барномаи идомаи соли роххои обод дар каламрави шахр бештар аз 50 км роҳҳо таъмири кулл ва ҷорӣ шудаанд.