(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи тантанавӣ ба истиқболи Истиқлолияти Тоҷикистон.Ба ифтихори 24умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Таҳти садои доираву карнай кормандони гуногунсоҳаи шаҳр бо руҳияи идона ба Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд сарҷамъ шуданд. Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза   ба ифтихори 24умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ба ин муносибат табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Ӯ таъкид дошт, ки истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзиши халқӣ тоҷик маҳсуб ёфта чун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихӣ аҳли башар ворид гардид. Раиси шаҳри Хучанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади табрикоти хеш иброз дошт, ки истиқлолият ин рамзи гуёи озодии миллат сохибихтиёрии давлат ва нишонаи равшании ватандории мардуми тоҷик мебошад. Дар ин радиф баъди соҳибистиқлолии кишвар бо роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмиру азнавсозии шоҳроҳҳо сохтмони нақбу пулҳо бо маром ҷараён гирифта, неругоҳҳои хурду бузург низ сохта, ба истифода дода шуданд. Боиси фараҳмандист, ки мардуми мехнатқарини вилояти Суғд низ баҳри ободии ватан ҳиссаи сазовори хешро мегузоранд.
Махз бо баробари сохибистиклол шудани мамлакат дар ҳамаи соҳоти  мухталиф пешравиҳои назаррас ба миён омад. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд низ чандин корхонаҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина барои толибилмону тарбиятгирандагон, муассисаҳои таълимиву томактабии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар вазъияти тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аввалин таъсисдиҳандаи ширкати мобилӣ дар Точикистон роҳбари Ширкати мобилии «Тсеел» Муҳаммадҷон Ҳомидов ва собиқадори соҳаи варзиш Шариф Ҳофизов унвони   «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» дода шуд.
Ҳамчунин барои 25 нафар собиқадорон 500 сомонӣ мукофотпулии Раиси вилояти Суғд ва барои 7 нафар Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои идонаи роҳбари вилоят ҳадя гардид. Барои 67 нафар фаъолон, ки дар вазифаҳои мухталиф фаъолият  мебаранд,   тӯҳфа     ва  Ифтихорномаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.