(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Мулоқот: Корнамоиҳои бемисли қаҳрамононДар чаҳорчӯбаи «Ҳафтаи поси хотир», ки аз 2 то 9 май идома дорад, дар МТМУ №22-юми шаҳри Хуҷанд мулоқоти хонандагон бо иштирокчии ҶБВ Дадохон Ҳодиев баргузор гардид.

Дарси кушод, соати тарбиявӣ, ки муаллима  Кароматхон Исомаддинова бо хонандагони синфи 6 «Б» баргузор намуд, дар мавзӯи «Қаҳрамонон намемиранд» бисёр ҷолиби диққат буд. Хонандагон аз корнамоиҳои бемисли ҳамватанони мо шеърҳо қироат карда, лаҳзаҳоро аз саҳнаҳои корнамоиҳои қаҳрамонони ҷанг Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Насрулло Отаев, Шарофат Аҳмадова аз тарафи хонандагон Сӯҳроб Каримов, Фирдавс Эшонхӯҷаев, Олимҷон Охунов, Рашид Ҳакимов, Аъзамҷон Мамедов, Абӯбакр Баҳриддинов, Рухшона Ҳомидова пешкаш намуданд.

Мулоқот: Корнамоиҳои бемисли қаҳрамононМеҳмони чорабинӣ иштирокчии ҶБВ Дадохон Ҳодиев Дадохон аз корнамоиҳои худ дар солҳои ҷанг нақл карда, хонандагонро ба ватандӯстӣ ва муҳофизати обу хоки кишвари худ даъват намуд.

Қайд гардид, ки хизмат ба ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавон аст.