(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамватанони азиз!
9 сентябри соли 1991 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, ки имсол мо 24-солагии онро ҷашн мегирем.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору шукргузорӣ Шумо -мардуми Хуҷанди бостониро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардум аст.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.» Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву  ватандӯстии мо мебошад.
Сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотиру озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Ба шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 24-солагии Истиқлолияти худро дар шароити идомадоштани равандҳои пурталотуни ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз таззодҳо таҷлил менамояд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеа бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд. Дар робита ба ин таъкид менамоем, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат мебошад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва щамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Сущд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.
Қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳҳо, авҷи тоза гирифтани эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои даврони истиқлолият мебошанд.
Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рӯзгори ободро фароҳам меоварем. Дар марҳилаи кунунӣ ҳар як фарди ҷомеаро зарур ва қарз аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлолияти давлатӣ бошад ва боэҳсоси саршори ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои комилу бегазанд ба мерос гузорад.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Бори дигар ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро ба ҳар як фарди Ватан самимона муборакбод гуфта, орзуманди он ҳастам, ки хуршеди озодию истиқлолият ба хонадони ҳар яки Шумо то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!
Ҷашни истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!