(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имконияти мактаби варзишӣ бештар гардид.Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани иншоотҳои фарҳангию маишӣ,фароғатӣ ва варзишӣ идома дорад.
Нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ба истифода додани майдони варзишӣ барои бозии футбол дар Мактаби варзишии  бачагон ва наврасони № 2 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Қабл аз ифтитоҳи расмӣ Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳайати мураббиён ин муассисаи таълимии варзишӣ мулоқот намуд. Ба Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки дар мактаб алҳол 1200 нафар наврасони минтақаи  соҳили рости шаҳр ба 13 намуди маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Барои аъзоёни маҳфил 40 нафар тренерони бо таҷриба таълим медиҳанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми суханронии худ дар назди иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ намуда, ҳозиронро бо фарорасии  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуд, ки маҳз сиёсати  хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ нисбати рушду пешрафти соҳаи варзиш имкон медиҳад, ки теъдоди иншоотҳои варзишӣ сол аз сол зиёд гашта, дар маҳалҳо ҳар чӣ бештар сокинон ба тарбияи  ҷисмонӣ ва намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳаи варзиш ва мураббиён дастур дод, ки барои рушди намудҳои варзиши валейбол ва баскетбол ва ташкили дастаҳои пурқуввати наврасон ва ба хусус духтарон эътибору таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Дар навбати худ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин самт тамоми ташаббусҳоро дастгирӣ хоҳад намуд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки майдон барои бозии футбол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, он имкон медиҳад ҳаводорони ин намуди варзиш аз ҳисоби кӯдакону наврасон бештар гардид.
Дар ниҳоят Раиси шаҳри Хуҷанд ба кӯдакон ва наврасон либос ва воситаҳои варзишӣ тақдим намуд.