(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Боғи «Ғалаба» макони фароғати кӯдакону наврасон ба фаъолият оғоз намуд.Ба истиқболи таҷлили 24 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону наврасони шаҳри Хуҷанд соҳиби боз як мавзеи фароғатии дилхушкунанда гаштанд.
Дар боғи фарҳангию фароғатии «Галаба»-и  маркази вилоят  расми кушоди  мавзеи фароғатӣ барои   кӯдакону наврасон баргузор гашт.
Раиси  шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ дар ин чорабинии тантанавӣ иштирок намуд.
Баробари табрики ҳозирин бо рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимод изҳор намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷашну тантанаҳои миллат бояд бо корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини зиндагии сазовор таҳким ёбанд. Дар мавзеи мазкур аз ҷониби коргоҳи «Хуҷандторгмаш» корҳои васлу танзими воситаҳои лидхушкунӣ ва аттраксионҳо ба анҷом расида, он бо ибтикори соҳибкори инфиродӣ Музаффар Ҷумъаев ташкил карда шуд. Пешбинӣ мешавад, ки минбаъд барои истироҳаткунандагон ҷойҳои нишасту фароғати оилавӣ, марказҳои хизматрасонии фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан маҳсулоти қаннодию ширинӣ ва ғайраро истифода бурда метавонанд. Дар ин макони фароғатӣ зиёда аз 30 намуд атраксионҳои дилхушкунӣ ва фарогатӣ насб гардида ҳамарӯза барои қабули сокинону меҳмонони маркази вилоят омода аст.
Лозим ба қайд аст,ки дар ин руз меҳмонони нахустини ин маркази фароғатӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии кӯдакону наврасонва фарзандони оилаҳои ниёзманд  буданд. Барои кӯдакон ва тарбиятгирандагони парваришгоҳхо дар ин рӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон ташкил гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода ба зиёда аз 150 нафар кӯдакони ятим ва наврасон аз оилаҳои камбизоат тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳангоми сӯҳбати худ бо мураббиён ва парасторони ин кӯдакону наврасон Раиси шаҳр  таъкид намуд, ки маҳз роҳнамоӣ, дастур ва супоришҳои сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд,ки нисбати ин насли оянда ва ба хусус кӯдакону наврасони ятим ва ниёзманд ғамхории пайваста зоҳир намоем.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмдзода баробари ин ба масъулини соҳаи мақомоти маҳаллӣ супориш дод,ки минбаъд низ тибқи ҷадвали муқарраргардида бояд кӯдакону наврасони парваришгоҳхо ва оилаҳои эҳтиёҷманд ройгон истироҳат намоянд.