(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаввораи нав дар маркази шаҳр бунёд ёфт.Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад.
Ҳамарӯза баробари ободу зебо гардондани гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва азнавсозии маконҳои таърихӣ - фарҳангӣ ва фароғатӣ чанд мавзеҳои нави истироҳатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани фаввораи наву замонавӣ иштирок намуд.
Фаввораи нав дар хиёбони ба номи И Сомонӣ бунёд ёфта, баландии он 8 метр аст. Он аз се қисмат иборат буда, бо ҷароғакҳои ороишии ранга муҷаҳҳаз гаштааст, ки шомгоҳон ба намуди зебои фаввора ҳусни хоса зам месозад. Фаввораи мазкур аз ҷониби Идораи сохтмони асосии шаҳр  сохта шуда, маблағгузории онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба зимма дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки дар атрофи фаввора нишастгоҳҳоро насб намуда, барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳр шароитҳои лозимаро таъмин намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки қисме аз роҳрави ин мавзеро васеъ намуда, барои барои фароғату пиёдагардии шаҳрвандон мувофиқ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин чаҳорумин фаввораи нави замонавӣ дар соли равон буда, тибқи нақшаи мақомоти маҳаллӣ бунёди ин фаввораҳо қисме аз тадбирҳои омодагии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни миллӣ маҳсуб меёбад.