(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр аз рафти корҳои ободонӣ дидан намуд.Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни пурифтихори миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд дар ин самт идома дорад.
Қисмати аввали рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии масъулини шӯъбаю сохторҳои шаҳр ҳолати яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр, хиёбони ба номи Султон Умарӣ дидан намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба корҳои то ба ин рӯз ба анҷом расондаи кормандони идораҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ эътибор дода, ҳамзамон бо чанде аз сокинони ин маҳал ва роҳбарони марказҳои савдо мулоқот анҷом дод. Таъкид гардид, ки баҳри боз ҳам бештар ободу зебо гардондани майдончаҳои сабзкории шафати роҳ, дар назди муассисаҳои хизматрасонӣ, савдо ва коргоҳҳо гулдонҳо гузошта шуда, барои давоми мавсими зимистону тирамоҳ гулпӯш боқӣ мондани майдонҳои ин минтақа аз гулҳои тирамоҳӣ ва зимистона истифода баранд. Ҳоло мутахассисони идораи кабудизоркунии шаҳр дар майдони миёнароҳи кӯчаи номбурда, зиёда аз 30 ҳазор дона гулҳои бафасли тирамоҳу зимистон тобовар шинонда ният доранд, чунин намуди гул ва гулҳои дигари ороиширо дар кӯчаи ба номи «30 солагии Ғалаба» низ шинонанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии минтақаи навбунёди маҳаллаи «Ваҳдат» дидан намуд.
Дар ин ҷо бо кушишу заҳмати кормандони идораи роҳсозии ва раёсати хоҷагию манзилилӣ ва ободонии ӯчаҳои маҳаллаи нав роҳгузарҳо тахту ҳамвор гардида, роҳсозон ният доранд, зиёда аз як километри роҳи ин мавзеро пурра муфарш намоянд. Ҳамзамон тибки  нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бояд наздик 4 км роҳи маҳаллаи «Ваҳдат», ки бо роҳи маҳаллаҳои «Чашма» мепайвандад, аз таъмир бароварда шаванд. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки корҳои ободонӣ то рӯзҳои таҷлили ҷашни миллӣ ба анҷом расонда шуда, доири оро додани намои биноҳои дар ин минтақа ҷойгир буда бо шиору овезаҳои ҷашнӣ чораҳо андешанд.