(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни миллӣ боз ҳам зебо мешавад.Пас аз чанд рӯз иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон дар сартосари кишвар мутантан ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин рӯзи хештаншиносиву худогоҳӣ дар қаламрави шаҳр як қатор корҳои омодагӣ ва ҳам ободонӣ рафта истодааст.
Аз ҷумла, субҳи имрӯз Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо комиссияи махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳолати кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиевро аз назар гузаронд. Раиси шаҳр аз чорроҳаи микроноҳияи 19-ум сар карда, то микроноҳияи 13-ум ҳолати ду қади роҳро доири ба анҷом расондани корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, риояи сатҳи зебогӣ ороишӣ ва қонуни забони давлатиро санҷид. Зимни азназаргузаронӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаҳои гуногун ва ба соҳибони мағозаҳо оид ба иҷроиши корҳои ободониву сабзкорӣ супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла, Раиси шаҳр ба роҳбарони воҳидҳои сохтори дахлдор таъкид намуд, ки ба ҳолати санитарии назди бинои нуқтаҳои савдо, истифодаи гулҳои ороишӣ  вобаста ба мавсими сол, таъмири роҳравҳо, ба тартиб даровардани ноқилҳои барқӣ ва ғайра эътибори ҷиддӣ дода, камбудиҳои ҷойдоштаро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин  бартараф намуда, майдончаҳои ду бари роҳро бо ҳамкории соҳибкорон сабзу гулзор намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро муваззаф намуд, ки ба шиору овезаҳои бари роҳу назди мағозаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, лавҳаҳои рекламавӣ ва тамоми матни хусусияти таблиғотӣ ва огоҳӣ дошта бояд пурра бо забони тоҷикӣ навишта шаванд. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти маҳаллаҳои «Сирдарё» ва «Суғдиён» супориш дод, ки ҳамроҳи аҳолӣ маъракаҳои шанбегӣ ташкил намуда, ҷӯйборҳо, роҳравҳо ва майдончаҳои наздиҳавлигиро тоза кунанд.
Дар охири рейди махсус Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин ҳамаи чораҳои ободонию гулпӯш намудан дар мӯҳлати муқаррар гардида ба анҷом расонда сокинону меҳмонони маркази вилоят шаҳри Хуҷанд Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо ҳусну таровати тоза ва маданияти баланди шаҳдорӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.