(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастаи «Амирӣ» чемпиони шаҳр гардид.Тибқи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ дар соли 2015 санаҳои 3-29 августи соли равон чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни муассисаю ташкилотҳо ва маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Чемпионати мазкур дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ва майдони футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳр баргузор гардида, дар он 10 даста иштирок намуданд. Чемпионат ба тариқи даврӣ гузаронида шуда, ҷамбаст ва бозии финалӣ санаи 29 августи соли ҷорӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи «Амирӣ»,  ҷои дуюм дастаи «Сафо», ҷои сеюмро дастаи «Шапарак» гардиданд. Ғолибон бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон,варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи шаҳр қадрдонӣ карда шуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқа тарщибу ташфиқ ва густариши намуди варзиши футбол,-баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, мустаҳкам намудани дӯстии муассисаю ташкилотҳо ва муайян намудани дастаи беҳтарин бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.