(3 овоз, миёна 4.33 аз 5)

«Марвориди Суғд» дар хизмати мардум.Чанде пеш дар маркази шаҳри Хуҷанд боз як клиникаи стоматологии нав бо номи «Марвориди Суғд» ба кор шурӯъ кард. Дар маросими расми кушоди он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобов ва дигар меҳмонону алоқамандони соҳаи тиб иштирок карданд.
Дар оғоз Раиси шаҳр аз бурду бохти соҳаи тиб ва ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи тандурустӣ сухан карда, қайд намуд, ки имрӯз бо дастури Президенти кишвар, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соҳаи тиб рӯз ба рӯз рушд карда истодааст. Сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳа зиёдшуда, таҷҳизотҳои замонавӣ аз дигар кишварҳои пешрафта ба Тоҷикистон оварда шуда истодаанд. -Аз ин хотир, шукриИстиқлолият, шукри  даврони  тинҷию  оромиро кардан лозим. Зеро, ҳамасола шароити мардум беҳтар шуда истодааст,-гуфт дар рафти  суханрониаш Раҷаббой Аҳмадзода.
Баъдан  бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонон вориди клиникаи стоматологӣ шуданд. Раиси  шаҳр бо  ҳуҷраҳои клиника шинос шуда, бо кадрҳои ҷавони баландихтисоси соҳи тиб сӯҳбати самимӣ намуд. Аз технологияҳое, ки  сардори  клиника ба ин ҷо  овардааст, изҳори хушнудӣ ва  қаноатмандӣ кард. Зеро, чунин он таҷҳизотҳое, ки дар стоматологияи мазкур насб буданд, сатҳи онҳо баробар бо дигар  таҷҳизотҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буданд.
Клиника бо харҷи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохташуда, ҳамагуна шароитҳои замонавӣ муҳайё шудааст.
Сардори клиника зимнишиносоӣ гуфт, ки стоматология имкондорад   чунин хизматрасониҳоро барои  сокинони   шаҳр пешкаш  кунад: машварат, табобатидандонҳо, табобати решаи дандонҳо, азнавбарқароркунии дандон, афканишоти ионофар, ислоҳсозии дандон, ҷарроҳии амбулаторӣ, пайвандсозӣ, сафедкуниидандонҳо, раддодӣ, металлокерамика ва дигар намуд хизматрасониҳоро пешниҳод намояд.
Акнун сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонанд аз хизматрасониҳои ин клиникаи стоматологии нав васеъ истифода баранд.