(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд 60 нафар муроҷиат намуданд

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳрро бо дархост ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти зиндагӣ қабул кард.
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чун анъана, қабули шаҳрвандон бо усули  «Равзана иягона» сурат гирифт. Вобаста бо масалаҳои таъмини қитъаи замини назди ҳавлигӣ, 12 нафар, таъмин шудан ба манзилгоҳ ва таъмири он 10 нафар, гирифтани масолеҳи сохтмони 6 нафар, пардохти хониши маблағ дар мактабҳои олӣ 4 нафар, таъмири боми биноҳои баланд ошёна 3 нафар, таъмири роҳ 3 нафар, таъмин шудан ба ҷои кори 2 нафар, ҳимояи ҳуқуқи шахрванди 2 нафар, ,кӯмаки яквақтаи моддӣ 2 нафар, нафақа ва табобат 2 нафар, бақайдгири манзил 1 нафар ва бо дигар мушкилоти худ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Вобаста ба ҳалли масалаҳои шаҳрвандон ва иҷрою назорати он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супоришудастури мушаххас дод.
Дар ин рӯз зиёда аз 60 нафар шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли масалаҳои зикргардида муроҷиат намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд муовинон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва соҳавӣ боусули «Равзана иягона» сокинонро қабул менамоянд.