(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мумфаршкунии кӯчаҳо идома дорад.

Кӯчаҳои Деҳқон ва Садоқати кумитаи маҳаллаи «Масҷиди савр» дар рӯзҳои наздик аз таъмири куллӣ мебарояд.
Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин кӯчаҳо оғози мумфаршкунӣ ҷараён гирифт.
Сараввал Раҷаббой Аҳмадзода ба сокинон гуфт, ки имсол низ таъмири роҳҳо давом хоҳад кард. Зеро ин дастуру супориши Сарвари кишвар, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдоми Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати идомаи тадбиқи барномаи роҳҳои обод буда, то охири сол ин тадбир идома меёбад. ӯ илова намуд, ки чанде қабл сокинони кӯчаҳои Деҳқон ва Садоқат ба қабули Раиси шаҳр омада, хоҳиш намуданд, то ба таъмири кӯчаашон ёрӣ расонанд. Мумфаршкунӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва қисман бо дастгирии худи сокинон ва соҳибкорон амалӣ гардид. Илова намуд, ки масъалаи об низ дар ин мавзеъ ҳалли худро ёфт. Раиси шаҳр бо дуои неки пирони маҳалла ва баҳри ободию шукуфоии кишвар аввалин шуда, ба мумфаршкунӣ шуруъ кард. Дигар сокинон ба Раиси шаҳр пайравӣ намуда, ин амалро идома доданд.
Дар суҳбат раиси кумитаи маҳаллаи «Масҷиди савр» Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев қайд намуд, ки сокинон ин иқдоми наҷибро тайи 30-40 сол интизор буданд. Зеро тайи чандин солҳо кӯчаҳои мазкур таъмирро надида буд. Сокинон то оғози мумфаршкунӣ чуқурӣ кофта, ҷӯйҳоро тоза карда, андаке саҳми худро расонданд. Рӯзҳои наздик кӯчаҳо аз таъмири кул баромада, ба истифода дода хоҳанд шуд.
Сардори шуъбаи нақшагирию истеҳсоли КД «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд Дадобой Исломов афзуд, ки 150 метри квадратии кӯчаи Садоқат ва 350 метри квадратии кӯчаи Деҳқон мумфарш мешавад. Муҳлати истифодабарии асфалт то 15 сол буда, ҳар 5-6 сол бояд таъмири ҷориро бинад.
Алҳол бригадаи КД «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳр дар ҳайати қариб 10 нафар бо 4 техникаи мумфаршкунӣ корро оғоз карданд.
Баъдан, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази таълимии истеҳсолиро, ки дар маҳаллаи «Масҷиди савр» ташкил шудааст, аз назар гузаронд. Дар рафти азназаргузаронӣ қайд намуд, ки дар ин ҷо 20 адад дастгоҳи адрасбофӣ туҳфа шудааст. Бояд занҳои маҳалла, ки хонанишин ҳастанду хоҳиши касбомӯзӣ доранд, аз устодон омӯхта, худ ба ин касб моҳир шаванд. Ба ғайр аз ҳунари адрасбофӣ дигар ҳунарҳои миллӣ низ ба роҳ монда шаванд. Бигузор сафи шогирдон афзояд. Хушхабар расонд, ки боз 6-8 мошинаи чокдӯзӣ дастрас мешавад, то дар намуди дӯзандагӣ ҳам сафи шогирдон бисёр гардад.